Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Туркия Фахриддин Коҷа мулоқот намуда, дар конфронс ва намоишгоҳ оид ба фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ иштирок кард

Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Туркия Фахриддин Коҷа  мулоқот намуда, дар конфронс ва намоишгоҳ оид ба фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ иштирок кард
Ноябр 19
14:39 2021

Рӯзҳои 17-19 ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия конфронс ва намоишгоҳ оид ба фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ баргузор гардид, ки  дар кори он  вазири тандурустӣ ва ҳифзи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва як қатор кормандони вазорат иштирок намуданд.

Дар доираи намоишгоҳ конфронс  дар мавзӯи фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  суханронӣ намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия барои даъват ва иштироки ҷониби Тоҷикистон дар чунин чорабинии бошукуҳ изҳори миннатдорӣ баён  карда, аз ҷумла иброз дошт, ки яке аз равандҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати ҷиддӣ медиҳад, ин таъмини дастрасии хизматрасониҳои баландихтисоси тиббӣ тавассути рушди соҳаи тандурустии рақамӣ ва рушди системаи миллии иттилоотии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи Кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустии DHIS2 таъсис дода шудааст, ки он аз 1 январи соли 2015 фаъолият дорад.

Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустии DHIS2 сохташуда имкон медиҳад, ки маълумоти оморӣ оид ба вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ пайгирӣ карда шавад.

Дар доираи татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи иттилоотӣ оид ба таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандон тавассути барномаи электронии кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ фаъолона амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади таҳкими хизматрасониҳои электронӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллӣ дар самти расонидани кӯмаки иҷтимоӣ таъсис дода шудааст.

Гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имконияти омӯзиши таҷрибаи Туркия дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, бахусус беморхонаҳои рақамӣ  ҳавасманд мебошад.

Инчунин, дар доираи сафари кории хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Фахриддин Коҷа, вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия низ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро баҳри тақвият бахшидани онҳо иброз намуданд.

Дар маҷмӯъ, иштироки  намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазир Ҷамолиддин Абдуллозода  дар чунин  намоишгоҳ ва  фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ  баҳри густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 683
  • 1,242
  • 949,703