Ҷамолиддин Абдуллозода миссияи навбатии Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт

Ҷамолиддин Абдуллозода миссияи навбатии Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт
Май 04
16:02 2022

Имрӯз, 4 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода миссияи навбатии Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики боэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии бонки мазкур дар кишвар як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.

Роҳбари дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар навбати худ аз ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба иброз намуд.

Дар идомаи мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои вазорат бо Бонки мазкур мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 29
  • 515
  • 1,242
  • 949,535