Ҷамолиддин Абдуллозода ва Ҳанс Клюге Созишномаи нави ҳамкории дусоларо ба имзо расониданд

Ҷамолиддин Абдуллозода ва Ҳанс Клюге Созишномаи нави ҳамкории дусоларо ба имзо расониданд
Сентябр 12
17:20 2022

11 сентябри соли равон дар доираи баргузории иҷлосияи 72-уми Кумитаи минтақавии ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо, ки дар  шаҳри Тел-Авиви кишвари Исроил идома дорад, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо Созишномаи нави ҳамкории дусоларо ба имзо расониданд. Ин Созишномаи муҳим ҳадаф ва нақшаҳои муҳими таҳкими низоми тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад, ки ТУТ дар ин самт дастгирии техникӣ ва молиявӣ хоҳад расонид.

Пандемияи COVID-19 сабақҳои муҳимеро вобаста ба роҳҳои минбаъд беҳтар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ба миён овард. Дар ин миён, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба мувофиқа расиданд, ки сабақҳои аз ин пандемия андӯхтаро дар саъю кӯшиши муштараки худ барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои  тиббӣ ба аҳолӣ истифода баранд. Ин масъала дар Созишномаи нави ҳамкории дусола, ки имрӯз ба имзо расид, махсус  дарҷ гардидааст.

Бояд гуфт, ки имзои Созишномаи нави ҳамкории дусола марҳалаи муҳим дар муносибатҳои дарозмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТУТ ба шумор меравад.

Ин созишнома на танҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна сабақҳои аз  пандемияи COVID-19 гирифташуда метавонанд саломатӣ ва соҳаи тандурустиро беҳтар гардонанд, балки он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 599
  • 1,242
  • 949,619