Ҷамъомад вобаста ба натиҷагирии Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия “Устувор намудани соҳаи тундурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2018-2019

Ҷамъомад вобаста ба натиҷагирии Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия “Устувор намудани соҳаи тундурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2018-2019
Январ 30
13:12 2018

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон» воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи кории якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия “Устувор намудани соҳаи тундурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2018-2019 баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ   Саида Умарзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканевич, кормандони масъули дастгоҳи марказии вазорат, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи васеи кормандони марказҳои ҷумҳуриявии иммунопрофилактика  иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур гуфта шуд, ки мақсади аслии татбиқи Лоиҳаи мазкур тақвияти иқтидори кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ бо таваҷҷӯҳи хосса ба сифат ва бехатарии хизматрасонӣ дар самти иммунизатсия дониста мешавад.

Саида Умарзода  зимни баромади хеш аз ҷумла иброз намуд, ки; “Дар баробари дастгириҳои пайвастаи шарикони рушд, давра ба давра бо зиёд гардидани шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинакунонии кӯдакон яке аз масъалаи мубрами ҷомеаи имрӯза маҳсуб ёфта, таваҷҷӯҳ ва назари хайрхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт назаррас мебошад. Ҳамин аст, ки сол ба сол ҳаҷми маблағи аз буҷҷет ҷудошаванда барои харидории ваксинаҳо бештар мегардад”.

Дар чорабинии мазкур, ҳамзамон нақшаи кории якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия “Устувор намудани соҳаи тундурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2018-2019 баррасӣ гардида, вазифаҳо ҷиҳати фаъолият таи солҳои зикргардида натиҷагирӣ карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 743
  • 1,242
  • 949,763