Ҳамшираҳои шафқат кори таҳлилгоҳӣ меомӯзанд (АКС)

Ҳамшираҳои шафқат кори таҳлилгоҳӣ меомӯзанд (АКС)
Август 02
11:02 2019

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таваҷҷуҳ ба дигар соҳаҳо, ба соҳаи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, дастрасии бештари мардум ба хизматрасонии босифати тиббӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар, таъмини онҳо бо таҷҳизоти тиббӣ  ва ба ин васила фароҳам сохтани шароити хуби хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба ин соҳа дарак медиҳанд.

Дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, бо мақсади дастгирии  соҳаи тиб дар кишвар як қатор лоиҳаҳои инветитсионӣ амалӣ мегарданд. Яке аз онҳо Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад.

Яке аз самтҳои асосии лоиҳаи номбурда сохтмони марказҳои саломатии деҳот дар даҳ  ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин таъмини муассисаҳои мазкур бо таҷҳизоту мебели тиббӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки дастрасӣ ба шароити хубу таҷҳизоти муосир сифати  хизматрасонии тиббиро дар ин ноҳияҳо ба маротиб боло бурд. Аз сӯҳбатҳо бо аҳолии маҳаллӣ ва кормандони соҳаи тиб маълум мегардад, ки онҳо аз сатҳу сифати  кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ ва шароити хуби муассисаҳо қаноат мебошанд.

Бо назардошти он, ки на дар ҳама муассисаҳои деҳот мутахассисони  таҳлилгар кору фаъолияти доранд, аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад, барои  кормандони миёнаи тиб даврҳои махсуси омӯзишӣ  шурӯъ гардиданд, ки мутахасисонро барои кор бо таҷҳизоти лабораторӣ дар сатҳи маҳал омода месозад.  Даврҳои бозомӯзӣ оид ба “Ташхиси озмоишгоҳӣ, ҷамъоварӣ ва нест кардани партовҳо дар сатҳи марказҳои саломатии деҳотии шабакаҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ” дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” роҳандозӣ гардид. Дар доираи омӯзиши мазкур 318 нафар кормандони тибби ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз ҷумла  100 нафар аз вилояти Суғд, 200 нафар аз вилояти Хатлон ва 18 нафар аз ноҳияи Файзобод донишу малакаи худро такмил медиҳанд. Барои ин муҳассилин тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шудааст, то тавонанд аз мутахассисони таҷрибадор  тарзу усули  гузаронидани таҳлилҳоро омӯзанд.

Ҳадаф аз баргузории даврҳои бозомӯзӣ он аст, ки  таҷҳизоти  ба марказҳои саломатии деҳот дастрасгардида бо сифати баланд ва самаранок истифода  карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар тӯли 5 соли фаъолият  37 Маркази саломатии нав сохташуда, ба 108 марказҳои саломатии амалкунанда ва 89 бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои Файзобод ва Ишкошим ба маблағи 1527050 доллари ИМА таҷҳизоти тиббӣ, аз он ҷумла таҷҳизоти лабораторӣ дастрас карда шудааст.

Набудани таҳлилгоҳҳо дар марказҳои саломатии деҳот яке аз мушкилоти асосиест, ки  сабаби бештари муроҷиати аҳолӣ ба марказҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ мегардад. Дар ҳолати дастрасӣ доштан ба ин таҳлилгоҳҳо ҳам сифати  ташхису табобат беҳтар мегардад ва ҳам мушкилоти мардум дар  маҳалли зист ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Фотима Ғоибова, мушовир оид ба иттилоотонии аҳолии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 740
  • 1,242
  • 949,760