Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ баргузор гардид

Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ баргузор гардид
Апрел 24
16:11 2020

23 апрели соли 2020 Анҷумани XI-уми саратоншиносон ва радиологҳои кишварҳои ИДМ тариқи онлайн  баргузор гардид, ки дар он Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зафар Ҳусейнзода ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Дар анҷуман роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои саратоншиносии кишварҳои ИДМ иштирок ва ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои мавҷудаи соҳа, инчунин, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон табодули афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки Анҷумани саратоншиносон  ва радиологҳои кишварҳои ИДМ аввалин маротиба  соли 1996  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  ва ҳамзамон соли  2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Тибқи нақша бояд соли ҷорӣ  анҷумани мазкур дар шаҳри Қазон доир мегардид. Аммо, бо назардошти вазъи сирояти коронавирус тасмим гирифта шуд, ки он тариқи онлайн доир гардад.

Маврид ба зикр аст, ки мутахассисони тоҷик бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш дар ин анҷуман ба тариқи онлайн баромад намуда, масъалаҳои муҳими соҳаи саратоншиносӣ ва радиологиро мавриди баррасӣ қарор доданд

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 426
  • 650
  • 862,327