Анҷумани XIV саратоншиносон ва радиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё ба кори худ оғоз намуд

Анҷумани XIV саратоншиносон ва радиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё ба кори худ оғоз намуд
Апрел 26
10:27 2024

25-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Анҷумани XIV саратоншиносон ва радиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё ба кори худ оғоз намуд, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Вячеславович Григорьев,  роҳбарият ва аъзоёни Ассотсиатсияи директорони марказҳо ва институтҳои саратоншиносӣ ва рентгенорадиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё, коршиносони пешбари беш аз 12 кишварҳои хориҷи дар соҳаи саратоншиносӣ, шарикон оид ба рушд, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, намояндаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи васеи мутахассисону коршиносони соҳа ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Нахуст аз ҷониби иштирокчиёни Анҷуман ҳамчун арзи эҳтиром дар назди ҳайкали поягузори илми тиб  Абӯалӣ ибни Сино, ки дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷой гирифтааст, гулчамбар гузошта шуд.

Дар даромадгоҳи донишгоҳи мазкур намоиши дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат низ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки меҳмонон ва иштирокчиёни Анҷуман аз он дидан намуданд.

Баъдан, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва  Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Вячеславович Григорьев бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, номаи шодбошии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россияро ба муносибати баргузории Анҷумани XIV саратоншиносон ва радиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё ба самъи иштирокчиён расониданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни баромади хеш иштирокчиён ва ҳайати меҳмононро барои иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфт.

Тавре зикр гардид, баргузории чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки мутахассисони саратоншинос  бо дастовардҳои навини илм ва амалия шинос шаванд, ки ин омил ба такмил додани ёрии саратоншиносӣ мусоидат менамояд.

Баъдан, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибов, роҳбарияти Ассотсиатсияи директорони марказҳо ва институтҳои саратоншиносӣ ва рентгенорадиологони кишварҳои ИДМ ва Авруосиё, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” Зафар Ҳусейнзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский,  ҳамзамон ба тариқи онлайн як қатор мутахассисони варзидаи соҳаи саратоншиносӣ аз кишварҳои гуногун низ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карданд.

Мавриди зикр аст, ки қарор дар бораи пуштибонӣ аз баргузории Анҷумани навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи XXXVI Шӯрои ҳамкори беҳдошти ИДМ рӯзҳои 14-15 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бишкек қабул гардида буд.

Интихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани Анҷумани навбатӣ-ин эътирофи дастовардҳои кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон, самаранокии тадбирҳо оид ба мубориза бо бемориҳои саратон, хизматҳо ва эътибори саратоншиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад.

Бояд гуфт, ки дар кори Анҷуман 31 сексияҳо, 620 маърузачиён ва модераторони сексияҳо, 587 маърузаҳо, зиёда аз 600 фишурдаи мақола (тезис) ба роҳ монда шудааст.

Корҳои муштарак ба шумораи зиёди табибон имкон медиҳанд, ки бо дастовардҳои навтарини илм ва амалия шинос шаванд, ки ин омил ба такмили минбаъдаи кӯмаки саратонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Анҷумани мазкур то 27-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 85
  • 989
  • 887,439