Ангина чӣ гуна беморист?

Ангина чӣ гуна беморист?
Сентябр 18
08:28 2020

Ангина (тонзиллити шадид) бемории сироятӣ-аллергии шадид бо илтиҳоби бодомакҳо мебошад. Ин бемории ҷиддӣ буда, оризаҳои хавфнок дорад.

Беморӣ ва барангезандагони он: Ангина бемории шадиди сироятӣ – бодигармӣ аст, ки бо илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мегардад. Барангезандаҳои ин беморӣ стрептококки гемолитикии гурӯҳи А, ҳамчунин стафилококк, пневмококк мебошанд. Ин бактерияҳо аз он ҷиҳат хавфноканд, ки ба организми инсон паҳн шуда, ба мағзи сар, мушакҳои дил ва пӯст зарар расонида метавонанд.

Беморӣ аввалан ба воситаи ҳавоӣ-қатрагӣ ҳангоми муоширати наздик бо шахси бемор, истифодабарӣ аз лавозимотҳои умумӣ сироят мекунад. Дар ҳолати дуюм ҳангоми мавҷудияти манбаи илтиҳоби музмин дар ковокии даҳон ва гулӯ беморӣ паҳн мешавад. Дар фасли тирамоҳ бемории ангина зиёд мешавад. Ба пайдошавии ангина омилҳои гуногун, ба монанди хасташавии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, сармозании организм, камғизоӣ, норасоии витаминҳо (А, С, Е)  сабаб шуда шуда метавонанд.

Ангина намудҳои зеринро дорад: катаралӣ, фоликулярӣ, лакунарӣ, фибринозӣ, герпетикӣ, флегмонозӣ, захмӣ-некротикӣ ва намудҳои омехта.

Бояд гуфт, ки асосан се намуди бемории ангина дар беморон мушоҳида мешавад, ки ин намудҳои катаралӣ, фоликулярӣ ва лакунарӣ мебошанд. Аз рӯи миқдори фасоде, ки дар бодомакҳо ҷамъ мегардад, намудҳои беморӣ муайян карда мешаванд.

Аломатҳои пайдоиши бемории ангина баландшавии ҳарорати бадан, дард ҳангоми фурӯбарӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, варами бодомакҳои ком, дар бодомакҳо ҷой доштани фасод ва сурхии забонча аст.

Табобати ангина:  Ангина одатан дар хона табобат карда мешавад. То он даме, ки дар бемор ҳарорати баланд ва дарди гулӯ мушоҳида мешавад, барои ӯ реҷаи бистарии болинӣ ҳатмӣ мебошад.  Вобаста ба намуди ангина ва ҳолати бемор табибон доруҳои сулфаниламидӣ ва антибиотикҳоро тавсия менамоянд. Беморон ҳангоми ба ангина гирифтор шудан, бояд антибиотикҳо, аспирин, истеъмол намоянд, инчунин ба онҳо нӯшидани нӯшокиҳои гарм, ба монанди чой бо лимӯ ва бо асал тавсия дода мешавад.

Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки доруҳои антибиотикро дар як рӯз се маротиба ва то ҳафт-даҳ рӯз истеъмол бояд кард. Инчунин, дар давоми як рӯз якчанд маротиба ғарғара намудани гулӯ бо маҳлули фуратсилин, намакоб, ё қиёми бобуна, эвкалипт  ва мармарак (шалфей)  зарур аст. Ҳангоми бемории ангина бо истифода аз маҳлулҳои гуногун ғарғара кардани гулӯ фоидаи зиёд дорад.

Маҳлулҳо қисми болоии бодомакҳоро аз моеъҳои часпак ва фасод пок намуда, қиёми гиёҳҳои шифобахш,  ё  каме хокаи содда ва намаки ошӣ ба организм таъсири зиддиилтиҳобӣ расонида, масунияти онро қавитар мегардонанд.

Ғизои бемор: Ҳангоми беморӣ албатта риояи парҳези ҷиддӣ  дуруст нест, аммо шахси бемор бояд аз хӯрдани хӯрокҳои сахт, аз қабили нони хушккардашуда (сухарики), картошкабирён, ки гулӯро мехарошанд, хӯрокҳои  тез, нӯшидани оби хунук, кока-кола ва пепси-кола, нӯшокиҳои спиртӣ, аз сигоркашӣ, носкашӣ, сақичхоӣ худдорӣ намояд. Ба ин гуна беморон маслиҳат дода мешавад, ки  бештар шӯрбо ва мастобаи гармро истеъмол намоянд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар як бемор бояд ҳатман зарфи шахсии худро дошта бошад.  Барои беморони мазкур  истеъмоли ғизои солим ва бой аз витаминҳо низ муфид аст. Нӯшидани об ва чой ба миқдори зиёд тавсия дода мешавад, зеро нӯшидани оби  зиёд барои зудтар тоза шудани организм аз токсинҳои гуногун мусоидат мекунад. Нӯшокиҳо бояд гарм бошанд, зеро чой ва оби ҷӯшон гулӯро месӯзонад.

Оқибатҳои худмуолиҷа:  Одамон аз ҳама зиёд ҳангоми бемории ангина ба худмуолиҷа рӯ меоранд. Бояд қайд намуд, ки беморон бо маслиҳати дӯстон ва аҳли хонавода  ҳангоми беморӣ ба худмуолиҷа машғул шуда, доруҳои антибиотикӣ, ба монанди  амписиллин, бисептол истеъмол менамоянд. Одатан ин гуна беморон аз ин доруҳо ду-се рӯз истеъмол карда, баъди сабуктар шудани дард ва фаромадани ҳарорат истифодаи доруҳоро қатъ мекунанд. Дар натиҷа ангезандаҳои беморӣ –

стрептококк ва стафилококк ба ин доруҳо тобовар шуда, бемор мутобиқат ба доруҳоро пайдо мекунад ва дар ҳолати такрор шудани беморӣ дигар ин доруҳо ба беморон таъсир намекунанд. Ҳамин ҳолат ба пайдо шудани оризаҳо оварда мерасонад. Дар ҳолати беморӣ ҳатман бояд мутахассис бемориро муайян намуда, доруҳоро тавсия намояд. Шахси бемор ҳатман ба табиби оилавии минтақавии худ муроҷиат карда, табобати дуруст ва саривақтӣ гирад.

Оризаҳо: Ин беморӣ метавонад оризаҳоро ба миён орад, ба монанди бемории тарбод (ревмотизм) ва ревмокардит. Бемор пас аз ду ҳафта ба ин ориза гирифтор шуда, тарбод метавонад касро маъюб кунад, ҳамчунин дар натиҷаи тарбод мумкин аст ба дил, майнаи сар ва буғумҳо зарар расонад ва заҳролудшавии бадан низ имкон дорад. Хулоса, бемории ангина бемории дорои хавфи миёна буда,  беморонро лозим аст, онро ҷиддӣ табобат кунанд. Шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда ва модарони кӯдакони бемор ба худмуолиҷа машғул нашуда, ҳатман бояд ба мутахассиси минтақавии худ муроҷиат намоянд.

Фарзод Сармад

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 694
  • 1,242
  • 949,714