Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба пешгирии наврасону ҷавонон аз мубталои ВНМО (СПИД), нашъамандӣ ва бемории сироятии коронавируси нави covid-19 бо ишторки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, мудири бахши ҷавонон ва варзиш Азимов Суҳроб, мутахассиси Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Кӯлоб Рафиев Ҷамшед ва муовини сардухтури Маркази вилоятии пешгирии бемориҳои наркалогӣ дар минтақаи Кӯлоб Тағоева Сайлонмӣ байни ҷавонон ва аъзоёни филиали ташкилоти Ҷамъиятиии «Пайравони Пешвои миллат»-и шаҳри Кӯлоб дар Маркази ҷавонони шаҳр мизи мудаввар баргузор намуд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ пеш аз ҳама эмин нигоҳ доштани саломатӣ ҷавонон ва пешгирии онҳо аз бемориҳои сироятӣ равона гардидааст.
Замни баргузории вохӯри маърузачиён оид ба пайдоиш, роҳҳои гузариш, аломатҳои беморӣ ва пешгирӣ аз чунин бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, вобаста ба он ба ҷавонон тавсияҳои судманд дода шуд.