“Ҷавонон ва инноватсияи тиббӣ: бунёди фардо-имрӯз”

“Ҷавонон ва инноватсияи тиббӣ: бунёди фардо-имрӯз”
Май 04
09:11 2024

3-юми майи соли ҷорӣ дар толори калони МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” қисми ифтитоҳии XIX-умин Конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён таҳти унвони “Ҷавонон ва инноватсияи тиббӣ: бунёди фардо-имрӯз” бо кори худ шурӯъ намуд.

Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ меҳмонон ва иштирокдорони кори конференсияро хайри мақдам намуда, зикр доштанд, ки ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ ба олимони ҷавонону донишҷӯён ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои озод ҷиҳати барқарор намудани равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби мосири ватанӣ ва хориҷӣ ба амалияи тиб мебошад.

Абдусаматзода Зулфия-номзади илмҳои тиб, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ-доктори илмҳои педагогӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Карякин Николай Николаевич-доктори илмҳои тиб, профессор, ректори Донишгоҳи тадқиқотии тиббии шаҳри Приволжский, Ризаев Жасур Алимджанович-доктори илмҳои тиб, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанд, Раҳимзода Шабнам Карим-муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони хориҷӣ бо суханони табрикотӣ баромад намуда, ба кори конференсия муваффақиятҳо орзу намуданд.

Дар идомаи кори ифтитоҳии конференсия Карякин Н.Н.-доктори илмҳои тиб, профессор, ректори Донишгоҳи тадқиқотии тиббии шаҳри Приволжский, Султонов М.Ш.-доктори илмҳои тиб, профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Хасанова Г. Р.-доктори илмҳои тиб, профессори Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Қазони Федератсияи Русия ва дигарон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар хотимаи конференсияи пленарӣ бо Қарори қабулнамудаи Шӯрои олимони МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” ба ректори Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанд, доктори илмҳои тиб Ризаев Ж. А. ва ректори Донишгоҳи тадқиқотии тиббии шаҳри Приволжский доктори илмҳои тиб Карякин Н.Н. -унвони илмии “Профессори Фахрӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дода шуд.

Кори конференсия дар бахшҳои алоҳида давом меёбад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 100
  • 989
  • 887,454