Аёдати шахсони ниёзманд самти муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад

Аёдати шахсони ниёзманд самти муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад
Декабр 28
16:26 2020

Сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба ғамхорӣ фаро гирифтани қишри ниёзманди аҳолӣ, бахусус маъюбону ниёзмандон зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор додад.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дирӯз якчанд сокинони маъюбу ниёзманди шаҳру деҳоти  шаҳрро  аёдат намуд ва  ба ниёзмандон кумакҳои моддӣ ва аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардид.

Абдухолиқ Холиқзода аз таваҷҷуҳи махсус ва дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони ниёзманд ёдовар шуда, бо шароити зист ва мушкилоти онҳо бевосита шинос гардид.

Мавриди зикр аст, ки давоми чанд рӯзи охир баҳри дар амал татбиқ намудани тадбирҳои инсонпарваронаи Ҳукумати мамлакат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 21 нафар шахсони ниёзманд бо аробачаҳои маъюбӣ ва кумакҳои моддӣ таъмин шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 902
  • 1,242
  • 949,922