Ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид
Декабр 08
18:21 2023

Санаи 8 декабри соли равон ҷиҳати натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи мазкур баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муовини раиси Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон котиби ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва аъзоёни кумита, Абдулзода Зиёдулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Рукмина, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуруллозода Фируза, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Ҳамдулло, муовини якуми раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Маҷидзода Қумриниссо, муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Ҷумъазода Шифо, муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонӣ ба модарону кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи мазкур, Эри Двиведӣ, муовини сардори намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар аъзоёни ин созмон, инчунин як қатор масъулини Гурӯҳи татбиқи лоиҳа иштирок намуданд.

Ҷаласаи кориро Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ ва ҳолати татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” маълумоти мухтасар пешниҳод кард. Ҳамзамон, таваҷҷӯҳи ҳозирин оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа, аз ҷумла дар ноҳияҳои Файзобод ва Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб карда шуд.

Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа нахуст вобаста ба амалисозии Лоиҳа дар самти хизматрасонӣ ба модар ва кӯдак Зулфия Абдусаматзода, котиби ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, инчунин муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии Лоиҳа аз рӯи қисматҳои он – менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа Исфандиёр Маҳмудзода, маълумот оид ба амалисозии Лоиҳа аз рӯи натиҷаҳои миёнамӯҳлати 1-и Лоиҳа “Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа (Ш. Шоҳин, Рашт ва Файзобод)” ва 3-и Лоиҳа “Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавӣ” Шаҳло Шакарова, мутахассиси тандурустии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ноҳияҳои пилотии Лоиҳа – Абдураҳим Шоев муҳандис-сохмончии Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа муфассал маърӯза пешниҳод намуданд.

Дар кори ҷаласа ҳамзамон ҳолати татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ ва хосатан корҳои анҷомёфта дар соли 2023 аз ҷониби аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиёни он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Инчунин зимни баргузории ҷаласа нақшаи Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 мавриди таҳлил ва баррасии амиқи қарор дода шуд.

Дар рафти ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи Лоиҳа мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ таклиф ва пешниҳодот ироа гардид.

Дар фарҷоми кори ҷаласа бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо аъзоёни ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 205
  • 579
  • 862,685