Ба 139 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд

Ба 139 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд
Октябр 26
08:52 2020

Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 139 нафар  шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 41 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 33 нафар аз Исроил, 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф-давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.

Дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» то имрӯз ба 95 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст, ки 11 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар 9 моҳи соли 2020 дар муассисаи мазкур ба 11 нафар амалиёти пайвандсозии гурда гузаронида шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2020 дар маҷмӯъ 1042 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо 1 124 амалиёти ангиография ва 370 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ, инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат, дар 9 моҳи соли 2020 ба 68 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ гузаронида шудаанд.

(Акс аз бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714