Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Сафорати Япония ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон оид ба татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани иммунизатсия дар овони барвақтии кӯдакон”

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Сафорати Япония ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон оид ба татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани иммунизатсия дар овони барвақтии кӯдакон”
Ноябр 01
13:23 2021

Имрӯз, 1 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода маросими баимзорасии Ёддошти тафоҳум байни Сафорати Япония ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани иммунизатсия дар овони барвақтии кӯдакон”, ки аз ҷониби Ҳукумати Япония дастгирӣ ёфтааст, баргузор гардид.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои вазорат бо кишвари Япония ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, баимзорасии ёддошти мазкурро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сеҷониба арзёбӣ намуд.

-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин иқдоми неку хайрхоҳона ва саривақтии Ҳукумати Япония бори дигар миннатдории бепоёни  худро изҳор намуда, умедвор аст, ки ин ҳамкориҳо дар  оянда низ идома хоҳанд ёфт,-иброз намуд Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ёддошти мазкурро Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави ба имзо расониданд.

Дар доираи ин лоиҳа давоми се соли оянда харидории ваксинаҳои сурхча-баногӯшак-гулафшон, гепатити Б, маводҳои иммунизатсионӣ, устувор намудани занҷири хунуктаъминкунанда ва мониторинги иҷроиши Барномаи миллии иммунопрофилактика дар саросари ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Дар мулоқот қайд гардид, ки Ҳукумати Япония аз солҳои аввали соҳибистиқолӣ кӯмаки худро ба Тоҷикистон маҳз дар мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда мерасонид.

Инчунин, бояд зикр намуд, ки дар соли 2008 бо мақсади саривақт ва сифатнок дастрас намудани ваксинаҳо ба вилояту минтақаҳои ҷумҳурӣ, бо дастгирии Агентии Япония оид  ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) нақлиёти махсуси бо яхдон таҷҳизонидашуда (авторефрижерактор) харидорӣ гашта, ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ тақдим гардид.

Маҳз бо дастгириҳои назарраси Ҳукумати Япония Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сатҳи фарогирии иммунизатсияи кӯдаконро бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи ваксина идорашавнада дар мамлакат дар саҳти баланд нигоҳ дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 38
  • 989
  • 887,392