Ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд

Ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд
Июл 05
14:43 2022

Яке аз бахшҳои муҳими хизматрасонии тиббӣ-ин расонидани ёрии аввалия ба аҳолӣ  мебошад, ки барои анҷоми ин амал нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ муҳим мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмини пойгоҳҳои муассисаҳои тандурустии кишвар бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, ҳамзамон баҳри рушди кӯмаки аввалияи тиббӣ низ тадбирҳои муҳиму саривақтиро андешида истодааст.

Бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хосатан ёрии аввалияи тиббӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо яке аз шарикон оид ба рушд Бонки Исломии Рушд дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ тамғаи Мерседес Бенс Спринтер ва Тойота Ланд Крузер харидори карда шуд. Мутобиқи Созишномаи байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи  Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2020 баста шуда, ин фаъолият дар чаҳорчӯби ҷузъи аввали лоиҳа амалӣ шудааст.

Маросими расмии супоридани нақлиётҳои мазкур имрӯз, 5 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор  баргузор гашт.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустиро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хусусан ҷиҳати солимии модар ва кӯдак,  тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохтааст.

Тақдими нақлиётҳои ёрии таъҷилии мазкур низ идомаи тадбирандешиҳои муҳиму саривақтии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба шумор меравад.

Зикр карда шуд, ки дастрас гардидани нақлиётҳои мазкур ба ноҳияҳои мақсадноки лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинон мусоидат хоҳанд кард.

Нақлиётҳои ёрии таъҷилии мазкур бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, барои расонидани ёрии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба беморхонаҳои марказии минтақаҳои Норак, Данғара, Балҷувон ва Ховалинг инчунин ба Беморхонаи Ҷумҳуриявии Клиникии ноҳияи Данғара интиқол гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 953
  • 1,242
  • 949,973