Ба муассисаҳои тиббӣ кӯмаки дастурию методӣ расонида мешавад

Ба муассисаҳои тиббӣ кӯмаки дастурию методӣ расонида мешавад
Май 27
13:32 2020

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмаки дастурию методӣ ба шабакаи муассисаҳои КАТС-и ш.Ҳисор як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Бо ин мақсад 26 майи соли равон  мутахассисони марказ тибқи дастуру нақшаҳои кории таҳиягардида фаъолияти худро аз Маркази саломатии шаҳри Ҳисор оғоз  ва аз рафти хизматрасонии ҳуҷраҳои он боздид ба амал оварда, дар он як қатор масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, саривақт дарёфти беморон, назорат ва ташхису табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои он дар ҳудуди Маркази саломатии шаҳрӣ аз ҳисоби кормандони ҷамоатҳо, маориф, корҳои дохила, волонтёрҳои “Иттиҳоди табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дин, марказҳои солимии репродуктивӣ, иммунизатсия, санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои саломатии деҳот гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуд, ки фаъолияти худро аллакай дар минтақаҳои хизматрасонӣ оғоз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 102
  • 989
  • 887,456