Ба Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина таҷҳизоти лабараторӣ оид ба системаи иттилоотии идоракунӣ тақдим гардид

Ба  Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина таҷҳизоти лабараторӣ  оид ба системаи иттилоотии идоракунӣ  тақдим гардид
Ноябр 09
17:21 2022

Имрӯз, 9 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ маросими расмии супоридани таҷҳизоти лабараторӣ оид ба системаи иттилоотии идоракунӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, директори Раёсати тиббии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Кристофер Барретт ва роҳбарони як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода нахуст барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба Раёсати тиббии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва ташхису табобати бемории сил изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки дар доираи доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар самти коҳиш додани гирифтории шаҳрвандон ба ин беморӣ нақши муассир доранд.

Бо ба роҳ мондани системаи иттилоотии идоракунӣ сатҳу сифат дар самти дарёфт ва саривақт ба ташхису табобат фаро гирифтани беморони сил дар кишвар боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 699
  • 1,242
  • 949,719