Апрел 11
15:15
2022
Аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад дастгоҳҳои рентгении партативӣ барои гузаронидани аксҳои рентгенӣ дар шароити кӯҳсор тақдим карда шуд.
Аснои маросими тақдими дастгоҳҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода суханронӣ намуда, ба ҷониби USAID баҳри дастгирии соҳа, хостатан дар самти ташхис ва пешгирии бемории сил дар кишвар изҳори минатдорӣ баён намуд.
Қайд гардид, ки дастрас гардидани чунин дастгоҳҳои муосир метавонанд дар самти дарёфт ва табобати бемории сил нақши муҳим бозанд.