Санаи 9 августи соли равон зимни баргузории нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби рӯзноманигорон пешниҳод шуда буд, ки ба осебдидагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб ва наздикону пайвандони фавтидагон кӯмаки равонӣ расонида шавад, чун онҳо дар ҳолати душвор қарор доранд.
Вобаста ба иҷрои дархости намояндагони ВАО тибқи супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳаи равонпизишкӣ, равоншифоӣ ва равоншиносии сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил ва ба шаҳри Кӯлоб сафарбар карда шуд.
Аз ҷониби мутахассисон ҳар як бемор ва осебдида ҷудогона аз муоинаи равонӣ гузаронида шуда, ҳолати баъди садамавии онҳо муайян гардид.
Боиси қайд аст, ки табиби равонпизишки минтақа саривақт дорую дармонҳои лозимаро барои беморон ва осебдидагон таъйин намуда, ҳолати равонии онҳоро зери назорат гирифтааст.
Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо мақсади суст гардонидани омили садама дар шуури беморони осебдида сӯҳбатҳои равонӣ гузаронида, барои табибони минтақа тавсияҳои табобатӣ-профилактикӣ пешниҳод намуданд.
Нисбати ҳар як бемор бо табибони минтақа маслиҳат намуда, тавсияҳои табобатӣ – профилактикӣ дода шуд.
Инчунин, мутахассисони соҳа бо наздикону пайвандони фавтидагони садамаи нақлиётии мазкур низ суҳбат гузаронида ба онҳо кӯмаки равонӣ расониданд.