Дар доираи иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, бо мақсади рафти иҷрои «Нақшаи старатегии пешгирии хуруҷ ва аз нав барангезиши интиқоли бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» аз 19.02.202019, №97 ва татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа» дар ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Дарвоз ва Ванҷ маниторинг ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар ин рӯз аз ҷониби мутахассисони «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» дар якҷояги бо марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ таҳти шиори «Ба пайдошавӣ ва паҳншавии бемории вараҷа роҳ намедиҳем» дар ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун, Панҷ, Қабодиён, Шаҳритус, Дарвоз ва Ванҷ, ки ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд, дукони саломатӣ ташкил карда шуда, тақсим кардани варақа буклет ва овезаҳо нисбати бемории вараҷа, нишонаҳои беморӣ, оқибатҳои беморӣ, роҳҳои пешгирии он корҳои оммафаҳмонӣ дар байни аҳолӣ ва кормандони соҳаи тиб гузаронида шуд.
Инчунин, вобаста ба ин чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ барномаҳои телевизиониву радиоӣ гузаронида шуд.