Ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 адад нақлиёти Ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карда шуд

Ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 адад нақлиёти Ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карда шуд
Феврал 13
13:06 2021

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи муҳиму афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоиста дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гардидааст. Давоми солҳои охир бо ташаббусу дастгириҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе, сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат низ беҳтару хубтар ва ҷавобгу ба талаботи ҷаҳони муосир шуда, масъалаи таъминоти муассисаҳои соҳа бо доруворию таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ва хизматрасонӣ роҳи ҳалли худро пайдо намудааст. Дар тадбирҳои дастгирии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе дар партави ҳидоятҳои роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ватандўст низ саҳми муносиб гузошта, ҳама тадбирҳои шаҳрдории пойтахти мамлакатро дар ин самт ҷонибдорӣ менамоянд. Аз ҷумла, имрўз бо ташаббуси Фонди хайриявии “Ситораи Файзбахш” ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 нақлиёти Ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа карда шуд, ки намунае аз иқдомҳои шоистаи эҳсонкорӣ дар соҳаи тандурустии пойтахти мамлакат мебошад. Нақлиётҳои Ёрии таъҷилии тиббӣ бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мувофиқи эҳтиёҷот ба муассисаҳои тиббии пойтахт супорида мешаванд.

Нақлиётҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, ки ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе ҳамчун кумак дастрас карда мешаванд, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба сокинони пойтахти мамлакат ва дигар эҳтиёҷмандон пешбинӣ шуда, кори табибону дардмандонро ба маротиб осон мегардонад. Муассисони Фонди хайриявии “Ситораи Файзбахш”, ки ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе нақлиёти Ёрии таъҷилӣ туҳфа намуданд, изҳор доштанд, ки минбаъд низ дар пайравӣ ба иқдомҳои башардўстонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои хайру эҳсонкориро идома дода, дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони соҳа саҳми муносиб мегузоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 310
  • 989
  • 887,664