Ба Тоҷикистон 141 ҳазору 570 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид

Ба Тоҷикистон 141 ҳазору 570 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид
Декабр 16
13:53 2021

Бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат шоми 15 декабри соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи механизми КОВАКС ба Тоҷикистон  141 ҳазору 570 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид.

Маврид ба зикр аст, ки то ҳолати 15 декабри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 386 ҳазору 686  нафар  (58,1%) бар зидди сирояти  коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 754 ҳазору 739 нафар  (47,3%)  шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

Бояд гуфт,  ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Дар ин росто қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 907
  • 1,242
  • 949,927