Ба зимистонгузаронӣ аз имрӯз омодагӣ мебинем

Май 19
10:04 2017

Омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 ва 2018 имрӯз дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саидалӣ Амонов аз натиҷаҳои зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои тандурустӣ дар тиромаҳу зимистони гузашта муфассал ҳисобот дода, аз ҷумла қауд намуд, ки на дар ҳамаи муассисаҳо  кор ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда буд. Ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст набудани баъзе муассисаҳо, сари вақт ва бо сифати баланд таъмин нашудани бархе аз муассисаҳои ноҳияҳои дурдаст бо ангишту ҳезум  чанд мушкилиеро ба бор оварда буд.

Вазир Насим Олимзода ба ҳамаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла  роҳбарони Раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ, роҳбарони муассисаҳои ташхисиву табобатии ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ супориши қатъӣ дод, ки то ба санаи 1 сентядри соли равон  ба мавсими  тирамоҳу зимистонгузаронӣ пурра омода шуда, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳисоботҳои мушаххаси худро пешниҳод намоянд. Ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе вазифадор карда шудан, ки ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст шуда, қувваи барқро сарфа намоянд. Ноҳияҳо ва шаҳрҳо бошад ӯҳдадор карда шуданд, ки захираи  ангишту ҳезумро барои муассисаҳояшон сари вақт захира намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 100
  • 989
  • 887,454