Бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз, 10 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тибби”-ӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ доир гардид, ки дар он муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷумахон Ҷурахонзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тибби”-ӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Сафарова, мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Замира Муҳамадуллоева ва кормандони муассисаи мазкур иштирок доштанд.
Ҷумахон Ҷурахонзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни баромади хеш ҳозиринро ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик ва муборакбод намуда, оид ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он маърӯза кард.
Ҳамзамон, бахшида ин санаи муҳими таърихӣ барои тамоми ҳизбиёну ҳамсафони кишвар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омори тиб” таъсис ёфт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории иштирокчиён раиси ташкилот Гулрухсор Сафарова ва Шаҳноза Дустова котиб интихоб гардиданд.
Ҳамзамон, ба ҳафт нафар кормандони фаъоли марказ шаҳодатномаи ҲХДТ тақдим гардид.