Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупои иммунизатсия дар Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупои иммунизатсия дар Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид
Апрел 26
15:49 2021

Имрӯз, 26 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оғози Ҳафтаи аврупои иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски,  муовини роҳбари Намояндагии  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон  Зайнаб ал-Аззавӣ, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров аснои ифтитоҳи мизи мудаввар иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон уҳдадорӣ гирифт. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Агентии Рушди Байналмилалии ИМА ва дигар донорҳо ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пастунӣ ва маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда оғоз намуд.

Номбурза иброз намуд, ки дар ҷумҳурӣ сиёсати ягонаи давлатӣ, ба монанди Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардидааст, ки онҳо барои такмили системаи иммунопрофилактика дар қаламрави ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани саломатии кӯдакон равона шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 26 апрел то 2 майи соли 2021 давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) «Ҳафтаи аврупои иммунизатсия»-ро (ҲАИ) ҷашн мегиранд.

Мақсади асосии он – баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад. Инчунин, ҲАИ сабаб барои қадрдонӣ намудани кори қаҳрамонони иммунизатсия – шахсони оддие, ки бо воситаҳои гуногун саҳми худро дар муҳофизати ҳаёти инсонҳо бо ёрии ваксинаҳо мегузоранд.

Мавзӯи имсолаи Ҳафтаи аврупои иммунизатсия ин – «Ваксинаҳо моро ба ҳам наздик мекунанд» мебошад. Ин шиор маҳз дар давраи пандемияи COVID-19 хуб ҳис карда мешавад. Чунки бо сар задани ин беморӣ, аъзоёни оила, бародару хоҳарон, хешу таборон, ёру дӯстон водор шуда буданд, ки аз ҳамдигар дурӣ ҷуянд.

Маҳз бо шарофати коркарди ваксинаҳои нави бар зидди сирояти COVID -19 ва истифодабарии оммавии онҳо, ҷомеаи башар метавонад пандемияро хотима диҳад ва аз нав ба ҳаёти муқаррарии худ баргардад.

Ин бори дигар тамоми мардуми дунёро водор месозад, ки аҳамияти иммунизатсияро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ  дарк намуда, аз он бетараф набошанд. Новобаста аз мавҷуд будан ё набудани бемории коронавируси нави COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон, иммунизатсияи тақвимӣ маҳз дар ҳамин давра бояд фаъолтар бошад, зеро бо кӯшиши пешгирии як беморӣ, сар задани хурӯҷи дигар бемориҳои сироятии идорашавандаро роҳ надиҳанд.

Бо назардошти зарурати ҳалли мушкилиҳои соҳаи иммунизатсия ҲАИ-2021 таваҷҷуҳро ба иммунизатсия, ҳамчун ҳуқуқи ҳар як шахс ва   ҳамчунин масъулияти умумӣ ҷомеа ҷалб менамояд.

Ҳамасола   Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар, ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истодааст.

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар  чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон  даъват менамояд.

Бо саривақт гузаронидани иммунизатсия Шумо кӯдакатонро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоед. Бо дасткашӣ аз иммунизатсия Шумо саломатӣ ва ҳаёти кӯдакатонро зери  хатар мегузоред!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 911
  • 1,242
  • 949,931