Бахшида ба оғози маъракаи иммунизатсияи кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ мизи мудаввар баргузор гардид

Бахшида ба оғози маъракаи иммунизатсияи кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ мизи мудаввар баргузор гардид
Октябр 31
16:49 2022

Имрӯз, 31 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар робита ба оғози маъракаи иммунизатсияи кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ мизи мудаввар баргузор гашт, ки дар он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ)  ва ТУТ дар Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани бемориҳои пневмококкӣ дар байни кӯдакони хурдсоли ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки ваксинаи пневмококкиро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд. Барои воридкунии ваксинаи мазкур вазорат давоми панҷ соли охир дар якҷоягӣ бо намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид тадбирҳои муассир андешид. Хушбахтона, кӯшишу заҳматҳои тӯлонии вазорат бесамар набуданд ва яке аз ваксинаҳои барои кӯдакон ҳаётан муҳим ба ҷумҳурӣ ворид  карда шуд.

Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар синни 2, 4 ва 12  моҳагӣ бояд қабул кунанд.

Ваксинаи интихобшуда кӯдаконро аз 10–намуд серотипҳои паҳншудатарини сирояти пневмококкӣ муҳофизат мекунад. Ваксинаи мазкур дорои сертификати сифатнокии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии кишварро даъват мекунад, ки аз пагоҳ, 1 ноябри соли 2022 кӯдакони  2-моҳаи хешро ба муассисаҳои тиббии ҷои зисти худ бурда, онҳоро бо вояи якуми ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ фаро гиранд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,179
  • 1,272
  • 938,109