Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор рӯзноманигорон бо Сипосномаи вазорат қадрдонӣ шуданд

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор рӯзноманигорон бо Сипосномаи вазорат қадрдонӣ шуданд
Март 11
13:33 2022

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик  имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид, ки дар он муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода ва як қатор рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Нахуст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳозирин ва дар симои онҳо кулли рӯзноманигорони кишварро ба муносибати 110-умин солгарди таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-“Бухорои шариф”  самимона шодбош намуд.

Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ВАО изҳори қаноатмандӣ намуда, омодааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро дар ин самт идома бидиҳад.

Ба хотири ҳамкории судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор рӯзноманигорон бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 718
  • 1,242
  • 949,738