Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар чойхонаи Қасри Арбоб чорабинии идона баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар чойхонаи Қасри Арбоб чорабинии идона баргузор гардид
Июл 08
13:00 2019

Душанбе, 08:07:2019 /Moh.tj/ Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар чойхонаи миллии Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд  чорабинии идонаи шахсони имконияташон маҳдуд баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ иштирок намуда, паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонид.

Қайд карда шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба маъюбону ятимон яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳои худ пайваста аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ ба ятимону маъюбон даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии онҳо ҳамеша иқдомоти хайрхоҳона зоҳир менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар миқёси вилоят 46 ҳазору 221 маъюб зиндагӣ доранд, ки 1463 нафари онҳо бо қарорҳои махсуси Раиси вилоят бо кӯмакпулӣ таъмин ва нисбат ба дигарон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ пайваста дастгирӣ ва ғамхорӣ зоҳир мешаванд. Ин аст, ки дар 6 моҳи соли 2019-ум 784 нафар маъюб бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин шуданд.

Ба хотири барқарор кардани саломатии маъюбон ҳамасола ҷиҳати дар осоишгоҳҳо истироҳату табобат гирифтани маъюбон шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Назира Fаффорӣ иштирокдоронро руҳбаланд сохт, ки минбаъд низ таъмини ниёзҳои иҷтимоии маъюбон мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумат қарор дода шуда, барои идомаи ин падидаи инсонпарваронаи Президенти кишвар кӯшиш менамоянд.

– Шумо чун узви ҷудонопазири ҷомеа ҳамеша дар канори мо ҳастед ва бо ҳузури  хеш  метавонед дар пешрафти соҳаҳои мухталиф нақши босазо гузоред,- иброз дошт муовни Раиси вилоят.

Дар чорабинӣ ҳамчунин барои беҳдошти вазъи моддии муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва ва маъюбони шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии «Хона-интернати ҷумҳуриявӣ барои пиронсолон ва маъюбон» дар шаҳри Панҷакент, Муассисаи давлатии «Хона-интернат барои беморони руҳӣ дар ноҳияи  Ҷаббор Расулов», Марказҳои ёрии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Деваштич, шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ, туҳфаҳои идона ва шириниҳо ба кӯдакони маъюб тақдим  шуд.

Дар ин рӯз барои маъюбон дастархони идона ороста шуда, барномаи консертӣ низ намоиш дода шуд.

Дар ин бораи дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645