Июл 21
11:53
2017
18 июли соли равон Насим Олимзода – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шинос шудан аз вазъи хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ба вилояти Хатлон сафар намуд.
Насим Олимзода дар доираи сафар аз Маркази назорати давлатии санитарии эпидимиологии ҷамоати шаҳраки «Балх», Маркази бемориҳои сил, шуъбаи таваллудӣ ва дигар марказҳои саломатии ноҳияҳои Панҷ, Ҷ.Балхӣ ва Балҷувон дидан намуд.
Насим Олимзода дар доираи сафари худ ба вилояти Хатлон бештар аз вазъи хизматрасонии марказҳои тиббие, ки дар доираи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд шиносоӣ пайдо кард.