Имрӯз, 1 декабри соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави ва шарикони рушд маросими баимзорасонии санадҳои дахлдор бо намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид доир ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз тарафи Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мегардад, баргузор гардид.
Созишномаҳои қолабӣ ва молиявии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба амалисозии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2019 аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2019 тасдиқ гардиданд.
Ҳамзамон, тибқи созишномаҳои заминавӣ, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани иқтидори кадрии мутахассисон ва баланд намудани иттилоотнокии аҳолӣ уҳдадор мебошанд.
“Ман умеди комил дорам, ки дар якҷоягӣ мо дар самти амалисозии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” муваффақ мегардем ва ба натиҷаҳои назаррас хоҳем расид”,-иброз дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода.