“Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор гирифт

“Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор гирифт
Июл 19
08:34 2022

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид. Дар ин давра аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳа дар вилояти мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароит ва имконоти мусоид барои ташхис ва табобати беморон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти беҳтар намудани инфрасохтори соҳа, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва дар ин замина боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сафар намуда, вазъи соҳаро таҳлил ва баррасӣ менамояд.

Қабули як қатор барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ вобаста ба рушди соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумтаи мамлакат ба соҳа дар ин минтақаи сераҳолии мамлакат дарак медиҳад.

18 июли соли равон вобаста ба натиҷагирӣ аз рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  31 декабри  соли 2020, №704 “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” ҷаласаи  сайёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарипов Шайдулло, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон-сарпарастони соҳа, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, роҳбарони муассисаи ҷумҳуриявӣ, сардухтурони беморхона ва роҳбарони муассисаҳои КАТС-и вилоят иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед зимни ифтитоҳи ҷаласа бори дигар аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо назардошти сераҳолӣ будани минтақаи мазкур баҳри сифатан беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Ҳукумати мамлакат чораҳои саривақтиро амалӣ намуда истодааст.

Дар идомаи ҷаласа вобаста ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  31 декабри  соли 2020, №704 “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандаев Илҳомҷон баромад намуд.

Баъдан, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ аснои суханронии хеш қайд намуд, ки маҳз бо талош ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон таъмин гардида, чораҳои муҳиму саривақтӣ дар ин самт амалӣ шуда истодаанд.

Дар идома рафти иҷрои бандҳои алоҳидаи барномаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа таҳлил ва баррасӣ гардиданд.

Дар охир вобаста ба ҳалли масъалаву мушкилоти баррасишуда дар самти иҷрои барномаи мазкур қарори дахлдор қабул гардида, баҳри баратараф намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 27
  • 773
  • 1,242
  • 949,793