Барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Март 12
17:19 2021

Имрӯз, 12 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муаррифии барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Виктор Олчавски, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осама Маккави, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва Намояндаи Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ (GIZ) дар Тоҷикистон  иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо шарикони рушд дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 идомаи ҳамкориҳои мутақбилан судманди вазорат бо ин ниҳод мебошад.

Зикр гардид, ки ҳадафи барномаи мазкур кӯмак расонидан ба фарогирии ҳамаҷонибаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2010-2030 ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки барномаи тандурустии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва  Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ (GIZ) дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Барномаи мазкур се самт: Тақвияти идоракунии соҳаи тандурустӣ ва механизмҳои маблағгузорӣ бо таваҷҷӯҳ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, баланд бардоштани дастрасии сифати маҷмӯи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, назорати самараноки системаи пешгирии бемориҳои сироятӣ дар тамоми системаи расонидани кӯмаки тиббӣ, аз ҷумла вокуниш ба  буҳрони бемории COVID-19-ро дарбар мегирад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 672
  • 1,242
  • 949,692