Баррасии ҳамкориҳои вазорат бо Бонки Осиёии Рушд

Баррасии ҳамкориҳои вазорат бо Бонки Осиёии Рушд
Феврал 26
15:54 2024

Санаи 26-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо София Шакил, директори минтақавии Осиёи Ғарбӣ ва Шарқии Раёсати рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд, Себел Вонг, мутахассиси соҳаи тандурустӣ дар Бонки Осиёии Рушд, Маделин Дизон, таҳлилгари хурди Бонки Осиёии Рушд ва дигар намояндагони он сурат гирифт. Дар  вохурии мазкур ҳамзамон муовини аввали вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Амирзода Абдухолиқ, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Исфандиёр Маҳмудзода, сардорони раёсат ва дигар намояндагони вазорат иштирок доштанд.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманди  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд  изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуда, ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва дар заминаи он татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ андешаронӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар соҳаи тандурустии мамлакат 2 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ шуда истодаанд, ки яке аз он Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни суханронии хеш аз ҷумла зикр дошт, ки таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ҳадафманд буда, ҷиҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат нақши босазо гузоштаанд, ки татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз зумраи онҳо дониста мешавад.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии он сохтмон ва таъмири муассисаи тиббӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин дониста мешавад, дар рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ дар ноҳияҳои болозикр заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Бояд зикр намуд, ки дар соли сипаришуда гранти кумаки техникӣ барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд тасдиқ шуд, ки корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад. Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеа мебахшад. Дар назар дошта шудааст, ки маблағгузории иловагӣ дар моҳи июли соли равон оғоз гардад. Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар қатори азнавсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани он, ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тиббӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ, бахусус пешгирии зоишҳои хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои дигари Лоиҳаи “Хизматрасонҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дониста мешавад.

Дар интиҳои вохурӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуда, бобати густариши ҳамкорӣ дар заминаи сиёсати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд умедворӣ зоҳир намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 712
  • 1,242
  • 949,732