Байни Тоҷикистон ва Россия Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2024-2025 баррасӣ шуд

Байни Тоҷикистон ва Россия Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2024-2025  баррасӣ шуд
Апрел 02
16:24 2024

Бо мақсади баррасӣ ва ниҳоӣ намудани Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2024-2025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санаи 1-уми апрели соли равон вохурии онлайнии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар вохурӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. Аз ҷониби Вазорати тандурустии Федератсияи Россия котиби давлатӣ, ҷонишини вазири тандурустии Федератсияи Россия Салагай Олег Олегович, роҳбарони як қатор муассисаҳои соҳавии ин кишвар низ ширкат варзиданд.

Зимни вохурии маҷозӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳое, ки барои амалисозии Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2024-2025 байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар дар назар гирифта шудаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Аз ҷумла дар доираи амалисозии харитаи мазкур ҳамкориҳо дар бахшҳои ихтисоси мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти таҷдиди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, таҳкими низоми стандартизатсия, назорати маводи доруворӣ, иштироки муштарак дар чорабиниҳои илмӣ ва илмию амалӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиббӣ ва  фарматсевтӣ, расонидани ёрии методӣ дар бахши экспертизаи тиббӣ-судӣ, мубодилаи иттилоот ҳангоми ошкор гардидани муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тиббӣ, доруҳои қалбакӣ, ки дар ҳарду кишвар гардиш доранд, рақамикунонии соҳа, санитарию эпидемиологӣ ва дигар масъалаҳои соҳа дар назар дошта шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 334
  • 989
  • 887,688