Баррасии масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории фарбеҳӣ дар шаҳри Душанбе

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории фарбеҳӣ дар шаҳри Душанбе
Апрел 01
10:49 2024
30-юми марти соли равон дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №43 “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” ва ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории фарбеҳӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони як қатор сохторҳои дахдори шаҳри Душанбе, роҳбарони марказҳои саломатии шаҳрӣ, мутахассисони соҳа ва намояндагони ВАО иштрок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳо, аз қабили ҳолати фурӯши ғизо дар нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе, ҳолати бақайдгирии бемории фарбеҳӣ ва табобати он, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолии шаҳри Душанбе оиди пешгирии бемории фарбеҳӣ ва истеъмоли ғизои солим, баррасии ҳолати гирифторшавӣ ба бемории фарбеҳӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки давоми солҳои охир паҳншавии бемориҳои ба фарбеҳӣ алоқманд яке аз масъалаҳои умдаи соҳаи тандурустии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ин ҳолат боиси нигаронии ниҳодҳои тандурустии байналмилалӣ, хосатан Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ гардидааст.
Бо мақсади нигоҳдошти солимии аҳолӣ тавассути тарғиби ғизои солим, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №463 Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 тасдиқ шудааст.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои гуногун, аз қабили бемории фарбеҳӣ дар соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 328
  • 989
  • 887,682