Баррасии масъалаҳои ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар давраи пандемияи COVID-19

Баррасии масъалаҳои ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар давраи пандемияи COVID-19
Август 26
15:09 2020

Имрӯз, 26 августи соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмии тибби профилактикии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба такмили механизмҳои танзимкунандаи расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар давраи пандемияи COVID-19 баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа  ба самъи иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар аз 28 июли соли равон вобаста  ба истифодаи самараноки неруи барқ аз ҷониби сардори шӯъбаи таъмини кафолатҳои иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Соима Муҳаббатова расонида шуд. Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки моҳияти муроҷиатномаи мазкурро ба кормандон ва аҳли хонаводаи хеш бирасонанд ва дар иҷрои он саҳми хешро гузоранд.

Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии  вазорат ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, вобаста  мавзӯъи ҷаласа мухтасар суханронӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласа ба тариқи онлайн дар мавзӯъи натиҷаҳои пешакии тадқиқот оид ба таъсири пандемияи COVID-19 ба вазъият дар оилаҳои бенефитсиарҳо ва дастрасӣ ба хизматрасонӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар минтақаҳои пилотии лоиҳа (вилояти Хатлон) Виорелия Русу, коршинос оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи ГОПА мбX/PDV дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии мухтасари натиҷаҳои фаъолияти ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар назди муассисаҳои тандурустӣ дар шаш моҳи соли 2020 Мунира Ғанизода, директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва доир ба шарҳи кӯтоҳи гузаронидани даврҳои омӯзишӣ барои кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат дар давраи 6 моҳи соли ҷорӣ Соима Муҳаббатова, сардори шӯъбаи таъмини кафолатҳои иҷтимоии вазорат ва Лола Раҷабова, ҳамоҳангсози Лоиҳа оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ГОПА/PDV баромад намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён мавзӯъҳои баррасишударо муҳокимаронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият фикру андешаҳои худро пешниҳод намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 730
  • 1,242
  • 949,750