Баррасии масъалаҳои пешгирии фарбеҳӣ ва ғизои солим

Баррасии масъалаҳои пешгирии фарбеҳӣ ва ғизои солим
Апрел 26
16:16 2024

Вобаста ба натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 имрӯз, 26-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, сардорони як қатор раёсат ва роҳбарони муассисаҳои  дахлдори зертобеи вазорат иштирок намуданд.

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, бо мақсади нигоҳдошти солимии аҳолӣ тавассути тарғиби ғизои солим, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №463 Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024 тасдиқ шудааст.

Тавре дар Барномаи мазкур омадааст, фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри XX ва аввалҳои асри XXI инҷониб масъалаи ҳалталаби байнисоҳавии аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  фарбеҳиро ҳамчун эпидемияи глобалӣ эълон намудааст.

Мавриди зикр аст, ки ғизо омили аввалиндараҷаи таъмини саломатии инсон қабул гардидааст. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ғизои дуруст заминаи муҳимми саломатии аҳолӣ мебошад. Фаъолияти ҳуҷайраю бофтаҳои ҷисми инсон, аз ҷумла саломатию дарозумрӣ, фаъолияти меҳнатии инсон ва сатҳи рушди ояндаи ҷомеа аз ин омил вобастагӣ дорад.

Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024  тамоми табақаҳои аҳолиро фаро гирифта, тавассути беҳтар намудани ҳолати ғизо ва баланд бардоштани фаъолияти ҷисмонӣ сатҳи инкишофи вазни зиёди бадан ва бемории фарбеҳиро пешгирӣ намуда, ба солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамояд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 328
  • 989
  • 887,682