Беморхонаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба фаъолияти муқаррарии корӣ бармегардад

Июн 02
15:04 2020

 Тавре қаблан иттилоъ додем, ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонидани муассисаҳои тандурустие ки як муддат барои табобати гирифторони  бемориҳои илтиҳоби шадиди шушҳо ва каронавируси нави КОВИД-19  ҷудо гардида бууданд,  идома дорад.

Дар доираи ин иқдом пас аз шифо ёфтан ва рухсат додани охирин  беморон Беморхонаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ барои ба фаъолияти муқарарарии корӣ баргаштан  омода мешавад.

Имрӯз, 2 июни соли равон Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз рафти корҳои безараргардонӣ дар муассисаи мазкур дидан намуда, ба  масъулин ҷиҳати пурра омода сохтани муассиса ба шакли муқаррарии корӣ  дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маврид ба зикр аст, ки беморхонаи мазкур аз 7 апрели соли ҷорӣ ҳамчун  беморхонаи махсус ҷиҳати қабул ва табобати беморони илтиҳоби шадиди шушҳо фаъолият намуд.

Давоми ду рӯзи охир аст, ки дар беморхонаи мазкур корҳои безарагардонӣ  ҷараён доранд.

Боиси зикр аст, ки Беморхонаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар ду баст, маризони илтиҳоби шадиди шушҳо аз қабили маризии кави каронавируси нави КОВИД-19-ро бо хузури дар якҷоягӣ 160 корманд ба табобату муоина ва муолиҷаи фаро гирита буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 738
  • 989
  • 888,092