Чӣ бояд кунем, то ба бемории сил гирифтор нашавем?

Чӣ бояд кунем, то ба бемории сил гирифтор нашавем?
Январ 15
16:42 2023

Аз рӯи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар ақсои олам 10 миллион нафар одамон гирифтори бемории сил мешаванд ва  3 миллион нафар аз ин беморӣ мефавтанд Аз ҷумла, ҳамарӯза дар олам 8 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ ҷон медиҳанд. Ин омор дар ҳолест, ки дар доираи чораҷуиҳои қатъӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии сокинон нисбати бемории мазкур ва ҳамзамон дар натиҷаи татбиқи барномаҳо ва чораҳои андешидашуда дараҷаи сироятёбӣ ба ин бемории хавфнок дар ҷаҳон сол то сол кам мешавад.

Ҳамин аст, ки гуфта мешавад, яке аз вазифаҳои муҳим дар самти тандурустӣ дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои рушди устувор дар он ифода меёбад, ки то соли 2030 ба сирояти бемории сил хотима дода шавад. Дар робита ба ин Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  пеши худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2035 ба коҳиши шумораи фавти одамон аз бемории сил то 95% ва паст кардани сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ то 90% комёб гарданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки  сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он микробактерияи сил, микроби чӯбчашакли «Кох» мебошад. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон гирифтор шуда метавонанд, аммо дар 80-85 фоизи ҳолатҳо дар шуш хуруҷ мекунад. Соли 1882  дар Олмон  Роберт Кох  пас аз  17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд,  ки онро батсилаи Кох (БК)  ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани  балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард.  Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи  микробактерияи бемории сил истифода мебаранд. Бемории сил аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ,  атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои бемории мазкур аз шахсони гирифтори ба он  ба ҳаво ҷудо карда мешаванд.  Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои ин маризӣ ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ  10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба ин беморӣ бештар шахсоне гирифтор мешаванд, ки сатҳи зиндагиашон паст аст ва ё дар муҳите зиндагӣ мекунанд, ки барои сар задани ин беморӣ шароитҳо фароҳам ҳастанд, ба мисли шахсони дар зиндон буда, майзадагон, одамони бехонаву ҷой ва нашъамандон. Ба иқрори табибони соҳавӣ  бемории сил ирсӣ  ва ё худ авлодӣ нест.

Нишонаҳои бемории сил  

Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш — ин  сулфа зиёда аз 2 ҳафта  бо балғам ва баъзан бо хун, дард дар қафаси сина, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, камшавии вазни бадан, пастшавии иштиҳо, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми  аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли бемории сил нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат  боиси  ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад.  Дар давоми як сол инсони гирифтори бемории болозикр метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд.

Роҳҳои ҷилавгирӣ аз гирифторӣ ба бемории сил

Ҳангоми паст шудани қобилияти муҳофизати бадан микробактерияҳои сил  фаъол гашта, бемории силро  ба вуҷуд меоранд. Сабабҳои паст шудани муқобилияти организм нисбат ба бемориҳо  аз шароити ногувори зист, меҳнати вазнин, хӯроки камғизо, майхорагӣ, нашъамандӣ, гирифторӣ ба бемориҳои музмини роҳҳои нафас, диабети қанд, гузаронидани ҷарроҳӣ, хусусан дар меъдаю рӯдаҳо, ғаму андӯҳ ва махсусан, сирояти ВНМО. Бояд гуфт, ки ВНМО қобилияти муҳофизатии баданро суст карда, сабабгори авҷи бошиддати сил мегардад.

Шахсони ба ВНМО сироятёфта ба гурӯҳи зери хавфи баланди гирифторшавӣ ба сил дохил мешаванд. Бемории сил дар чунин шахсон метавонад ба таври ғайриодӣ, ҳатто бе пайдошавии нишонаҳои беморӣ гузарад.  Барои баланд бардоштани қобилияти муҳофизати бадан инсон бояд тарзи ҳаёти солимро риоя намояд. Ба варзиш машғул шавад ва хуроки солимро истифода барад. Беморони гирифтори бемориҳои музмин дар 1 сол 1 маротиба аз муоинаи флюрография бояд гузаранд. Аз нушокиҳои спиртӣ, сигоркаши ва нашъамандӣ қатъиян даст кашанд.

Хушбахтона таи солҳои охир гирифторшавии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бемории сил торафт коҳиш ёфта истода, инчунин бо рӯи даст гирифтани чораҳои амалӣ вобаста ба мубориза алайҳи ин намуди маризӣ пойгоҳи ташхис ва табобати он  мустаҳкам гардидааст. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, дар натиҷаи талошҳои дастаҷамъона хурӯҷи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра паст мегардад. Ин нишондод соли 2018 нисбат ба соли 2008 аз 87,5 нафар то ба 57,3 нафар  ба ҳар 100 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.  Ин  шаҳодати он аст, ки дарёфт, пешгирӣ ва табобати бемории сил дар ҷумҳурӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Бемории сил, ки иҷтимоист, пешгирӣ ва муолиҷаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Аммо дар ин баробар   бо вуҷуди сол ба сол коҳиш ёфтани гирифторшавӣ ба бемории сил, ҷиҳати нигаронкунанда дар ин масъала гирифторшавӣ ба бемории шакли васеи мутобиқгаштаи сил мебошад.  Воқеан афзоиш ёфтани бемории сили мутобиқгашта ва шаклҳои васеи сили мутобиқгашта аз мушкилоти ҷаҳонии  бемории сил   дониста мешавад. Олимони соҳа яке аз сабабҳои аслии афшоиши ин намуди маризии силро дар канда кардани табобат аз ҷониби беморони сили оддӣ меҳисоҳанд, ки дар натиҷа бемори сили оддӣ ба сили мутобиқгаштаи ин маризи гирифтор мешавад. Дар ин росто бо иқдоми  бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистн дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҳанӯз дар   соли 2017 ба кишвар маводи дорувории маҳвкунандаи навъи васеи мутобиқгаштаи сил, бо номи Бедаквилин (bedaquiline) ворид карда шуд. Бояд қайд намуд, ки таи  солҳои 2014-2015 зиёда аз 40 давлати ҷаҳон, аз ҷумла; Гурҷистон, Арманистон, Узбекистон, Руссия, Африкаи Ҷанубӣ ва ғайра бо истифодаи дорувории Бедаквилин табобати беморони бо шакли васеи мутобиқгаштаи сил оғоз намуда, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.  Ин ҳам дар ҳолест, ки бемории сил аз давраҳои дерина ва то ба имрӯз ҳамчун  проблемаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ арзи вуҷуд дорад. То асри ХХ  бемории сил воқеан табобатнопазир буд. Айни замон барномаи маҷмӯавӣ таҳия карда шудааст,  ки барои ошкор намудан ва табобат намудани  ин беморӣ дар марҳилаҳои ибтидоии инкишофи он имконият фароҳам меорад.

Дар ин росто  месазад зикр намуд, ки ҳарчанд   кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба рӯйхати сиёҳи давлатҳои ба бемории сил гирифторбуда шомил нестанд, вале ҳаряк беморро мебояд дар решакан намудани ин беморӣ ва ҳифзи сатҳи сиҳатии худу атрофиёнаш талош намоянд. Новобаста аз он, ки шароити иқтисодии бемор чӣ гуна аст, ӯ ҳуқуқ дорад бистарӣ шавад ва табобат гирад.  Бори дигар хотиррасон бояд шуд, ки  табобати бемории сил дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан  ройгон бароҳ монда шудааст. Дар ин росто нафари мубталои силро месазад, ки саривақт ба табобат фаро гирифта шуда, сатҳи сиҳатии худро таъмин намояд.

Шосаидзода  Хусрав

(Акс аз манбаъҳои боз)

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 54
  • 1,212
  • 661,383