Бо иштироки Абдухолиқ Амирзода дар беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаҳои корӣ доир гашт

Бо иштироки Абдухолиқ Амирзода дар беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаҳои корӣ доир гашт
Январ 22
10:24 2024

Таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода дар беморхонаҳои марказии як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рашт ва Файзобод ҷаласаҳои корӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тиббию табобатии шаҳру ноҳияҳои мазкур иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаҳои корӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи масъулинро ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, фавт,  бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ,  ВНМО, сил ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа ҷалб намуд.

Дар ҷаласаҳои мазкур ҳамзамон вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Рашту Файзобод мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуда, баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои тандурустии  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри  Ваҳдат ва ноҳияҳои Рашту Файзобод дар самти ташхис ва табобати шаҳрвандон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 987
  • 989
  • 887,352