Бохтар: хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад

Бохтар: хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад
Сентябр 27
09:55 2019

 

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷиҳати  беҳдошти вазъи саломатии шаҳрвандон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳоои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 3 муассисаи хусусӣ (маркази тиббии “Даво”, маркази тиббии “Хатлон” ва маркази саломатии  “Акси шифо”) ва 22 муассисаи тиббии вилоятӣ, 17 ҳуҷраи давлатию хусусии дандонпизишкӣ, 10 ҳуҷраи ташхисии ултрасадо ва 109 дорухона ба аҳолии шаҳр ва берун аз он хизмат мерасонанд.

Дар  сохтори госпиталии шаҳр шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози  дарунӣ, эҳёгарӣ ва таҳлилгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 120 кати хоб мавҷуд буда, шумораи коргарон 276 нафар, аз ҷумла духтурон 34 нафар, 149 нафар кормандони миёнаи тиб ва 63 нафар кормандони хурди тиб мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони беморхонаи клиникиии шаҳр 217 нафарашон занон мебошанд.

Дар давоми ҳашт  моҳи соли 2019  дар беморхонаи шаҳр 4 ҳазору 165 нафар беморон бистарӣ гардида, 4 ҳазору 105 нафари онҳо табобат гирифтаанд.

Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 461 нафар мутахассисон ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ расонида, аз байни онҳо 103 нафарашон духтур, 262  нафар кормандони миёнаи тиб ва 58 нафари дигар кормандони хурди тиб мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони муассисаҳои мазкур 93 ҳазору 126 нафар беморонро қабул намудаанд.

Дар маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳр 109 нафар фаъолият намуда, ба сокинони шаҳр ва қисман берун аз он хизмати тиббии шабонарӯзӣ мерасонанд. Аз шумораи умумии кормандон 20 нафар духтурон, 34 нафар корманадони миёнаи тиб ва 20 нафар кормандони хурди тиб мебошанд.

Вазъи бемориҳои сирояткунанда дар шаҳри Бохтар муътадил буда, бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, аз қабили сӯхтанӣ, таби хунин ва бемории  исҳоли хунин ба қайд дар миёни сокинони шаҳр ба гирифта нашудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 685
  • 1,242
  • 949,705