БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН: Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия ба роҳ монда шуд

БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН: Дар  Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия ба роҳ монда шуд
Ноябр 03
16:39 2022

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби табибони тоҷик ва дар ҳамкорӣ бо табибони кишвари Швейтсария аввалин маротиба дар кишвар буришҳои шуш ба таври видеоторакоскопия ба роҳ монда шуд.

Тибқи гуфтаи Муродов Акбар, муовини директор оид ба корҳои муолиҷавии маркази номбурда муҳимияти ин намуди ҷарроҳиҳо дар он аст, ки бемор соатҳои баъди ҷарроҳӣ фаъол гардида, ҳамагӣ ду-се рӯз дар беморхона бистарӣ мешавад ва раванди барқароршавии он назар ба бемороне, ки бо таври кушода ҷарроҳӣ мешаванд, хубтар ба назар мерасад.

Бино ба иттилои номбурда, дар ҳамкорӣ бо табибони давлати Швейтсария дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” як камиссия  ташкил  карда шудааст, ки мақсади асосии он муҳокимаи ҳар як бемор барои муайян кардани ташхиси асосӣ мебошад: “Бисёр корҳои илмӣ дар дигар давлатҳо нишон доданд, ки барои хулоса ва аниқ кардани табобати ҳар як бемори гирифтори саратон ҳамаи табибон, аз ҷумла ҷарроҳ, саратоншинос, рентгенолог, гастроэнтролог, терапевт ва кардиолог бояд иштирок намоянд. Маҳз бо ин мақсад комиссияи мазкур таъсис дода шудааст, ки ҳамаи табибони муассиса аъзои он мебошанд ва дар раванди ташхис ва табобати ҳар як бемор фаъолона иштирок менамоянд”,-афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол  Ҷамшедов Ҷовид Шодихонович, мудири шуъбаи омосҳои қафаси сина ва шиками Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”  ба мо гуфт: “Имрӯз мо бо ҳамкорон, ҷарроҳони қафаси сина аз давлати Швейтсария бо истифода аз технологияи мусоир як ҷарроҳии навинро амалӣ менамоем. Бемор 41- сола  буда, бо  шикоятҳои сулфа ва нафастангӣ ба марказ муроҷиат кардааст. Вақте дар бемор томогрофияи компютерӣ гузаронида шуд,  маълум гардид, ки дар ӯ  калоншавии гиреҳҳои ломфатикӣ дар қафаси сина ҷой доранд. Бинобар ин, мо яке аз гиреҳҳои ломфатикие, ки дар қафаси сина калон шуда буд, гирифта, онро барои ташхис пешниҳод ва бемориро аниқ мекунем. Бояд қайд кард, ки пештар барои ингуна ҷарроҳиро анҷом додан мо маҷбур будем, ки як қисм пусту пардаҳои нармро бо ҳаҷми калон бибурем, ки ин барои беморон осебпазир буд. Ҳоло бошад, бо истифода аз технологияи навин, яъне видеоторакоскопия, ки дар муассиса қарор дорад, ингуна ҷарроҳӣ бе буридани ҳаҷми калони бадани бемор гузаронида мешавад”.

Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташхис ва табобати бемории саратон  як қатор  натиҷаҳои муҳиму назаррас ба даст оварда шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 296
  • 1,242
  • 949,316