БОРИ АВВАЛ. Ҷорӣ намудани усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхруда ва меъда

Апрел 17
09:44 2024

 

Ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта,  имрӯзҳо табибони мамлакат бо истифода аз шароит ва имконоти мусоиди фароҳамгардида дар соҳаи тибби кишвар  усулҳои нави ҷарроҳиро дар амал иҷро  менамоянд.

Табибони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳа аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти ҷарроҳӣ боз ба як навгонии нодир дастёб гаштанд.

Ин дастоварди навбатии табибони мамлакат амалиёти ҷарроҳии эндоскопӣ бе усули буриш мебошад, ки пардаи зери луобиро кушода,  мушакҳое, ки қисми гузариши сурхруда ва меъдаро махкам кардаанд, онҳоро бурида, қисми луобии сурхрударо бо клипсох махкам мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҳангоми чунин беморӣ қисми гузариши сурхуда ва меъда танг шуда, бемор аз хӯрокхӯрӣ мемонад. Дар ин ҳолат ҳангоми хӯрокӯхрӣ дар бемор аломатҳои қайкунӣ ва ё парто-парто ба миён меояд.

Қаблан ин гуна амалиётҳои ҷарроҳӣ бо усули анъанавӣ, яъне буридани 15-16 см ҷисми бемор гузаронида мешуданд, ки ин ҳолат албатта, муддати бистарӣ ва табобати беморонро низ дароз мекард.

Қаблан ҳангоми чунин амалиёти ҷарроҳии бо буриш бемор давоми 10-12 шабонарӯз дар беморхона бистарӣ мегардид. Акнун бо ин усули нави ҷарроҳӣ беморон метавонанд пас аз 1 рӯзи амалиёти ҷарроҳӣ аз беморхона рухсат шуда, ба истеъмоли хӯрокхӯрӣ оғоз намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки табибони  маркази номбурда давоми як сол дар Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба омӯхтани ин намуд амалиётҳои ҷарроҳӣ дар муассисаҳои тандурустии ин кишвар донишу таҷрибаи хешро такмил додаанд.

Дар маҷмӯъ, давоми се сол мешавад, ки табибони маркази мазкур бе буриш аз даҳон 8 намуд амалиётҳои ҷарроҳиро бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ мондаанд.

Дар амал ҷорӣ намудани боз як амалиёти нави ҷарроҳӣ дар соҳаи тибби мамлакат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри кору фаъолияти кормандони соҳа тамоми шароит ва имконоти мусоидро фароҳам овардааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 616
  • 1,242
  • 949,636