“Илм ва инноватсияҳо дар тиб-2023”. Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид

Апрел 28
18:04 2023

Имрӯз, 28 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур таҳти унвони “Илм ва инноватсияҳо дар тиб-2023” баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик, шарикон оид ба рушд ва доираи васеи олимони ҷавони соҳа иштирок намуданд.

Баргузории чорабинии мазкур ба таблиғу тарғиби фаъолияти илмӣ дар байни ҷавонон, инчунин, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии мутахассисони баландихтисоси оянда мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қайд намуданд, ки “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад”.

Бояд гуфт, ки фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо назардошти ҳамин омил, дар Донишгоҳ баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои мухимтарини олимону ҷавонони лаёқатманд ҳамеша дар маркази диққати рохбарияти муассиса қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи таҳқикочиёну пажуҳишгарон аз ҳисоби чавонони лаёқатманд торафт меафзояд.

Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ ба олимони ҷавонон ва донишҷӯён ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои озод ҷиҳати барқарор намудани равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби мосир ба амалияи тиб мебошад.

Дар конференсия дастовардҳои олимони ҷавон ва донишҷӯёни кишвар ва ҳамтоҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ ва баҳрабардорӣ карда  шуданд.

Мавзуъҳои маърӯзаҳои баррасишаванда мухталиф буда, ба дастовардҳо ва масоили ҳалталаби самтҳои гуногуни тиб, аз он ҷумла ҷарроҳӣ, педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон, бемориҳои дарунӣ, ҷарроҳии дилу рагҳо, онкология, урология, стоматология, тибби оилавӣ, фанҳои назариявии тиббӣ, фарматсия ва фанҳои назариявии ғайритиббӣ ва ғайра бахшида шудаанд.

Конфронс дар 5 симпозиум ва 8 сексия баргузор гашта, ба онҳо олимони варзида ва устодони Донишгоҳ ва дигар мукассисаҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарӣ намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола шумораи иштирокчиёни конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд. Чунончи соли ҷорӣ ба конференсия 1544 фишурдаи илмӣ пешниҳод гардидааст, ки 440 адади он аз кишварҳои хориҷии дуру наздик мебошад. Дар конференсияи бештар аз 527 мақолаву маърӯзаҳои илмии муҳассилин ва олимони ҷавон баррасӣ гардиданд, ки 139-тои он аз иштирокчиёни давлатҳои хориҷӣ мебошад.

Маводҳои конференсияҳои мазкур ба шакли маҷмӯаи маводҳои илмӣ ба табъ расид, ки варианти электронии он дастраси иштирокчиёни фаъол ва меҳмонони конференсия гардонида шуд.

Дар хотима Резолютсияи конференсия қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои муосири олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,152
  • 1,122
  • 723,044