Миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ, бо роҳбарии хонум Мирья Чанна Шеблом, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд бо фаъолияти Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ аз наздик шинос шуданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дастгирии пайвастаи табибони оилавӣ дар сатҳи кумаки аввалияти тиббию санитарӣ ва мусоидат барои рушди нерӯи кадрии соҳа мебошад.
Дар аснои сафари корӣ қаблан, ҳайати намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ бо шароити кору фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалияти тиббию санитарии ноҳияи Зафаробод, ки яке аз ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа дар вилояти Суғд ба шумор меравад, шинос шуданд. Яке аз масоили асосии ин ноҳия надоштани кадрҳои баландихтисоси тибби оилавӣ аст.
Дар дораи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар ҳамкорӣ бо ин Маркази вилоятӣ даври бозомӯзии шашмоҳа оид ба тахассуси “Тибби оилавӣ” барои табибон ва кормандони миёнаи тиб ташкил карда шудааст, ки айни ҳол 4 нафар табиб ва 30 нафар кормандони миёнаи тиб аз ноҳияи Зафарободро фаро мегирад.
Директори марказ Мунира Содиқова аз рафти даври бозомӯзӣ, шароиту имкониятҳои бозомӯзон, нерӯи кадрии марказ, омӯзгорону тренерони тибби оилавӣ муфассал маълумот дода, меҳмононро бо шароити синфхонаҳо, утоқҳои таълимӣ, китобхонаи электрониву хобгоҳ шинос кард.
Табибону ҳамшираҳои тибби оилавӣ, ки дар ин ҷо бо хобгоҳ, идрорпулӣ ва тамоми шароити бозомӯзӣ таъминанд, изҳори сипос карда, аз ҷумла зикр карданд, ки ин даврҳои бозомӯзӣ барои рушди малакаи касбӣ, шинос шудан бо усулҳои нави ташхису табобат ва азхудкунии протоколҳои нави клиникӣ мусоидат менамояд.
Барои ҳамаи бозомӯзон борхалтаҳои табиби оилавӣ ва ҳамшираи оилавӣ дастрас карда шудааст, ки онҳо метавонанд ҳангоми дарсҳо тарзи дурусту самараноки истифодаи онро азхуд намоянд.
Намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ба фаъолияти Марказ баҳои баланд дода, аз сифати дарсҳо ва шароити зисту зиндагии бозомӯзон изҳори қаноатмандӣ карданд.