Боздид аз рафти корҳои ободонии Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент

Боздид аз рафти корҳои ободонии  Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент
Декабр 07
14:39 2020

Иҷрокунандаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҷиҳати ба анҷом расонидани сохтмони биноҳои ёрирасони ёрии таъҷилӣ, бинои марҳумхона (морг)  ва нуқтаи фурӯши дорухона аз бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан намуд.

Зимни боздид бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ, ҷорӣ намудани  бақайдгирии рақамии беморон ва назорати доимии шахсони бистаришуда ба масъулини беморхона дастуру супоришҳо дода шуд.

Ҳамзамон, иҷрокунандаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз ҳуҷраҳои табобатгирандагон дидан намуда, бо сокинони бистаригардида суҳбат намуд. Зимни суҳбат шаҳрванд Халилов Содиқ,  истиқоматкунандаи деҳоти Кабудсанг, ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан аз хизматрасонии табибон изҳори  қаноатмандӣ намуда, барои бунёди чунин беморхонаи нави бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд.

Бояд гуфт, ки номбурда қаблан аз ҷониби иҷрокунандаи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аёдат карда шуда, бо ҳамроҳии ҳамсараш дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷаент ба табобати ройгон фаро  гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 680
  • 1,242
  • 949,700