Назорати беморони сил тақвият мехоҳад

Назорати беморони сил тақвият мехоҳад
Июн 28
15:44 2019

Имрӯз, 28 июни соли равон дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  шаҳри Душанбе, роҳбарони хадамотҳо, раёсатҳо ва муассисаҳои тандурустии зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи рӯзномаи маҷлис мухтасар суханронӣ намуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар бораи ҷараёни амалисозии «Нақшаи стратегии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил барои солҳои 2015-2020», ки бо қарори ҷаласаи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО, сил ва вараҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2014, №27 тасдиқ карда шудааст, Зокирова К.А.– сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои сил баромад намуд.

Бино ба иттилои ӯ, сохтори зиддисилии кишвар  феълан аз 26 муассисаи сатҳи бистаринамоӣ ва 75 муассисаи Марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил иборат мебошад. Дар муассисаҳои тиббии соҳаи силшиносии кишвар 498,00 воҳиди кории табибони силшинос мавҷуд буда, айни ҳол 283,00 воҳидҳои кории онҳо банд мебошад, ки 56,8%-ро ташкил медиҳад.  Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 233 нафар табибони силшинос фаъолият менамоянд.

Гуфта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии  ташакули тарзи ҳаёти солим” ва  инчунин бо дастгирии шарикони рушд 143 кумитаи маҳаллии тандурустӣ (КМТ), 34 гурӯҳҳои дастгирии беморони сил (ГДБС), 17 мактаби беморони сил (МБС) дар беморхонаҳои “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Рашт таъсис дода шуд.

-Нақшаи васеи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар соли 2019 қабул ва амалӣ гардонида шуд. Аз ҷумла дар марказҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  чорабиниҳои иттилоотию фарҳангӣ бо гузаронидани озмунҳо виктаринаҳо ва тақсимнамоии маводҳои иттилоотӣ гузаронида шуда, дар ин рӯзҳо дар бисёр шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар  Муассисаи давлатии «Маркази  ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз  бемориҳои сил» ба шаҳрвандон ташхиси флюорографияи ройгон гузаронида шуд.

Дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва  Хуҷанд бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, мутахассисони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию  санитарӣ, ВНМО ва марказҳои мубориза бар зидди бемории сил  мизи мудаввар доир карда шуд”,-афзуд ӯ.

Дар идомаи ҷаласа оид ба баррасии рафти амалисозии «Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020» Тоҳиров Р.Ҷ. – сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Бонки олмонии рушд дар доираи Лоиҳаи “Беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар вилояти Хатлон” таҷдиди сохтори тандурустии ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон идома дошта, дар натиҷа дар ноҳияи Ҳамадонӣ 160 кат, дар ноҳияи Фархор 145 кат, дар ноҳияи Хуросон 89 кат ва дар ноҳияи Ёвон 30 катҳо ихтисор карда шуданд. Инчунин, дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки дар сатҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон 69 кат ихтисор гардида, катҳои Беморхонаи бемориҳои пӯсту узвҳои таносули ноҳия бояд ба пуррагӣ ихтисор шуда, он ба дармонгоҳи дорои катҳои рӯзона табдил дода шавад.

-Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони вазорат бо дастгирии Бонки олмонии рушд таҳлил, арзёбӣ ва такмили «Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020» идома дошта, дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки таҷрибаи бадастомадаи Бонки олмонии рушд дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ истифода бурда мешавад,-иброз намуд зимни баромади хеш  Тоҳиров Р.Ҷ. – сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қайд гардид, ки дар доираи татбиқи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди беморхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», «Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020», Нақшаи таҷдиди катҳои зиддисилӣ ва Нақшаи таҷдиди сохтори беморхонавӣ дар вилояти Хатлон аз соли 1990 то соли 2017 шумораи катҳо, таъминотнокӣ ба 10 000 аҳолӣ, мӯҳлати миёнаи бистарӣ ва фоизи иҷроиши катҳо зиёда аз ду маротиб кам гардидааст. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ дар соли 1990 ҳамагӣ 51 889 катҳои табобатӣ мавҷуд буда (аҳолии ҷумҳурӣ 5 млн. нафар), дар соли 2017 то 40 060 катро ташкил додааст (аҳолӣ зиёда аз 9 млн. нафар).

Оид ба масъалаи сеюми ҷаласа, яъне механизми таъйин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат (интихобан дар 10 шаҳру ноҳияҳо) Ёраков Ф. – сардори шӯъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад кард.

Гуфта шуд, ки  бо мақсади иҷрои банди 13 Нақшаи кории ҷаласаҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 вобаста ба механизими таъйин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат интихобан дар 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санҷишҳо гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки тибқи омори расмии шаҳри Бохтар шумораи аҳолӣ 112646 нафар ва шумораи хоҷагиҳо бошад,  23833 ададро ташкил медиҳад.

Вобаста ба қабул ва  пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бобати бархурдор гардидан аз кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Бохтар 29 маҳалла арзи вуҷуд доранд, ки ҳамаи онҳо барои дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 437 «Дар  бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба  оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат”  муваззаф мебошанд.

“Дар рафти гузаронидани санҷиши мутақобила дар маҳалли зисти шаҳрвандон камбудиву норасогиҳо ошкор гардид, ки барои мисол як чанд ҳолатро шарҳ медиҳем: шаҳрванд Ҳамроева Моҳраҷаб истиқоматкунандаи кӯчаи Левакант 2, хонаи 24, ки дар ҳуҷҷатҳои пешниҳод намудааш оид ба таъини кӯмакпулӣ оид ба дороиаш  компютер, мошинаи дарздӯзии барқӣ, антенаи радифӣ, мошинаи ҷомашӯӣ, яхдон ва нақлиёти сабукрав нишон надодааст, аммо дар асл бошад, ин дороиҳо дар манзили истиқоматиаш мавҷуд буд”,-гуфт ӯ.

Дар 4 моҳи соли 2019 аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1363 аризаи шаҳрвандон ба махзани ягонаи иттилоотӣ  ворид гардида, ба 932 нафар шаҳрвандон  кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ таъйин ва ба 40 нафар шаҳрвандон таъйини кӯмакпулӣ рад карда шуда, 393 ҳуҷҷат дар ҳолати коркард қарор дорад.

Номбурда дар идомаи баромади хеш оид ба механизми таъйин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар як қатор шаҳру  навоҳии дигари кишвар иттилоъ дод.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо инчунин нисбат ба якчанд сардухтурони беморхонаҳои кишвар барои саривақт иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ аз ҷониби вазир танбеҳ ва сарзаниш эълон карда шуд.

Дар охири ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода оид ба иҷрои нақшаи буҷет, татбиқи қарори 600, муоинаи пеш аз никоҳ ва муоинаи мактаббачагон, ташхиси ВИЧ/СПИД, муносибату муоширати табибон, харидории маҳсулоти ватанӣ,  рақамикунонии соҳаи тибб,  корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саривақт баррасӣ намудани арзу шикояти шаҳрвандон ва бартараф намудани дигар мушкилоти мубрами соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 114
  • 854
  • 917,631