Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон

Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон
Июл 15
08:48 2023
Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазир Шодихон Ҷамшед имрӯз, 15 июли соли равон аз рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии вилояи Хатлон дидан намуд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги миллӣ ва ҳамзамон боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар қатори дигар манотиқи кишвар дар як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон низ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
 
Гуруҳи кории вазорат бо рафти корҳои сохтмонии шӯъбаи сироятии ноҳияи Ховалинг, Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон дидан намуда, бо рафти фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ шинос шуданд.
Аснои боздид маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои номбурда вусъати тоза касб намуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки сохтмони муассисаҳои тандурустӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар идома гурӯҳи корӣ бо рафти табобати як қатор беморон дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои мазкур шинос шуда, аз онҳо доир ба сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.
 
Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ дар ин ноҳияҳо як қатор масъалаҳоро, аз қабили вазъи таъминоти кадрӣ, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ, раванди корҳои ободонию созандагӣ ва дигар масъалаҳоро бо масъулини соҳа баррасӣ намуд.
Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 97
  • 1,219
  • 898,513