Феврал 23
16:39
2024
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ба вилояти Суғд сафар намуда, бо фаъолияти марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд шинос шуд.
Азнои боздид номбурда бо рафти хизматрасонии тиббии марказҳои саломатӣ ба аҳолӣ, ҷараёни зимистонгузаронӣ, шинос шуда, ҳамзамон бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазир ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд