Боздиди роҳбарияти вазорат аз муассисаҳои тандурустии пойтахт

Сентябр 15
14:39 2023

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи воқеии соҳа, таҳлил ва баррасии масъалаву мушкилоти ҷойдошта ва бартараф намудани камбудиҳо, боздид аз рафти хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ ба  аҳолӣ, сӯҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин иқдом ва бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо шаби 14 сентябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир ва дигар масъулини дастгоҳи марказии вазорат бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Зимни боздид роҳбарияти вазорат бо рафти хизматрасонии  тиббии муассисаҳои тандурустии пойтахт шинос шуда, инчунин бо наздикону пайвандони беморон, ки дар назди муассисаҳои мазкур қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти вазорат қарор дошта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти соҳа пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 936
  • 842
  • 655,157